Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳамлаҳои нажодпарастона дар Юнон


Як шабакаи ҳуқуқи башар, ки аз 20 гурӯҳ иборат аст ва ба он Ожонси СММ дар умури паноҳҷӯён низ дохил мешавад, мегӯяд, ки дар Юнон ҳамлаҳои нажодпарсатона ба муҳоҷирон ва паноҳҷӯён афзоиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти ин гурӯҳҳо, аз моҳи январ то моҳи сентябр дар Юнон 87 ҳамлаи нажодпарастона сабт шудааст. Вале шумораи чунин ҳамлаҳо метавонад ба маротиб бештар аз ин рақам бошад, зеро ононе,ки мавриди ҳамла қарор мегиранд, метарсанд, ки ба пулис хабар диҳанд.

Маъмулан шаҳрвандони Афғонистону Албания, Банглодешу Ироқ ва Покистону Сомалӣ мавриди ҳамла қарор мегиранд.

Таҳлилгарон мегӯянд, душвориҳои иқтисодӣ гурӯҳҳои худсару авбошро ба чунин ҳамлаҳо таҳрик медиҳад.
XS
SM
MD
LG