Мардуми Либия нахустин солгарди Эъломияи озодӣ аз режими Муамамар Қаззофиро баргузор карданд. Баъд аз 8 моҳи ҷангҳои дохилӣ Қаззофӣ 20 октябри соли гузашта ба қатл расид ва шӯришиён 23 октябр Либияро кишвари озод эълон карданд.
Солгарди ин Эъломия дар ҳоле ҷашн гирифта мешавад, ки дар баъзе қисматҳои ин кишвар то ҳол нооромӣ идома дорад ва ҳомиёни режими Қаззофӣ ба ҳукумат барои контроли комил бар кишвар халал мерасонанд.
Садҳо нафар рӯзи сешанбе ин солгардро дар Бенғозӣ ҷашн гирифтанд. Бенғозӣ маркази оғози тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди режими Қаззофӣ дониста мешавад ва дирӯз гирдиҳамомадагон хостанд, ки ин шаҳри бандарӣ пойтахти Либия эълон шавад.