Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дарҳоро барои музокира бо Эрон боз мегузорад


Барак Обама
Барак Обама
Кохи Сафед мегӯяд, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мухолиф нест, ки бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаиаш музокироти дуҷониба дошта бошад. Ба гуфтаи Кохи Сафед, чунин музокирот то ҳол ба нақша гирифта нашудааст.

Ҷей Карнӣ-сухангӯи Кохи Сафед рӯзи сешанбе гуфт, давлати Обама дарҳоро барои музокира боз мегузорад, агар Эрон дар бораи музокирот ва вақти музокирот ҷиддӣ биандешад.

Пештар ҳам Амрико ва ҳам ҷониби Эрон гузориши “New York Times”-ро дар бораи ризояти усулии Амрикову Эрон роҷеъ ба баргузории чунин музокирот рад карданд.
XS
SM
MD
LG