Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони барқ дар Кӯлоб: Мардум дарро намекушоянд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вуҷуд надоштани занги огоҳкунанда пушти дари сокинони Кӯлоб нозирони Шабакаҳои барқиро аз садо кардан ва ангушт задан хаста кардааст.

Масъулини Идораи шабакаҳои барқӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки беш аз 90 дарсади сокинон пушти дарҳояшон занги огоҳкунанда надоранд ва дар бештари маврид ба садои нозирони барқ посух намедиҳанд.

Аҳмад Кишваров, сармуҳандиси Идораи барқи Кӯлоб мегӯяд, ин мушкил боис шудааст, ки нозирон ҳисобкунакҳои барқии сокинонро назорат карда наметавонанд ва дар ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ дар вақти муайян низ мушкилӣ мекашанд. Ӯ мегӯяд, "дар идораи мо 60 нозир кор мекунад, вале дар бисёр ҳолат нақшаро сари вақт иҷро намекунанд. Вақте мепурсем, чаро иҷро накардед, дар ҷавоб мегӯянд, сокинон дарро ба рӯямон боз накарданд. Бисёр вақт ин ҳолат дар баландошёнаҳо рӯй медиҳад ва сокинон барқасдона дарро намекушоянд. Дар хонаҳои заминӣ бошад, занги огоҳкунанда надоранд ва дар бисёр вақт садои фарёдро намешунаванд."

Дар навбати худ, сокинон низ аз фаъолияти нозирони барқ норозиянд. Саидалӣ Раҷабов, як сокини Кӯлоб мегӯяд, тафтиши вақту новақти нозирон дилгиркунанда ҳаст: «Як рӯзи муайян надоранд. Ҳар вақте, ки хостанд, меоянд ва талаб мекунад, ки пули барқро деҳ, обро деҳ. Агар як рӯзи муайян бошад, одам тасмим мегирад. Шахсан ман дарро ба рӯяшон мекушоям, вале бисёриҳо ба фикрам, вақте пул надоранд, дарро барояшон боз намекунанд».

Сокинон мегӯянд, воқеан, замони шӯравӣ пушти дарҳояшон занги огоҳкунанда доштанд, вале пайдо шудани реҷаи барқ истифодаи чунин зангро аз байн бурд. Сумангул Хидирова, сокини дигари шаҳр мегӯяд: «Дар замони Шӯравӣ ба ин чиз одат карда будем. Бисёри ин зангҳо бо барқ кор мекарданд, вале барқкушӣ, ки сар шуд, гоҳ кор мекарду гоҳ не. Худаш ҳам ин асбоб тез-тез вайрон мешавад. Агар ба он одат кунӣ ва вайрон шавад, он гоҳ дигар ба рӯи касе ҳам даратро кушода наметавонӣ. Одами меомадагӣ он вайроншударо зер карда меистад ва ту бошӣ одат кардаӣ, ки танҳо бо садои он дарро боз кунӣ. Хубтараш мо дигар онро истифода намекунем».

Дар ҳамин ҳол, як сокини дигар, Насриддин Камолов мегӯяд, саги хуб дар ҳама давру замон беҳтарин огоҳкунанда аз вуруди меҳмон буд: «Саги хуб дошта бошӣ, ҳоҷат ба чунин занг ҳам нест. Як бор меҳмон садо кунад, саг меҷақад ва мефаҳмӣ, ки касе омадааст. Аз қадим мардуми мо сагро ба ҳамин хотир тарбия мекунанд».

Аммо бо ин вуҷуд, масъулини Идораи шабакаҳои барқӣ мегӯянд, чунин мушкилиҳо боис шудааанд, ки беш аз 26 миллион қарзи ҳаққи истифодаи барқ ҷамъоварӣ нагардидаст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG