Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донистани русӣ барои муҳоҷирон ҳатмӣ мешавад


Имрӯз парлумони Русия лоиҳаи қонун дар бораи донистани ҳатмии забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Расонаҳои русӣ аз қавли Сергей Наришкин, раиси парлумони Русия менависанд қонуни мазкур муҳоҷирони меҳнатиро уҳдадор мекунад, ки зимни гирифтани иҷозатномаи кор асноди тасдиқкунандаро дар мавриди донистани забони русӣ пешниҳод намоянд.
Дар назар аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз 1-уми декабри соли равон мавриди амал қарор гирад.
Айни ҳол дар назди муассисаҳои таълумии Русия ва хориҷи он ҳудуд 160 марказҳои санҷишии забони русӣ фаъолият доранд.
XS
SM
MD
LG