Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон озими Ҳелсинкӣ шуд


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои сафари расмӣ ба ҷумҳурии Финляндия рафтаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари серӯза вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Финляндия, Саулӣ Нииннисте дар назар аст.
Ба иттилои паҳннамудаи вазорати корҳои хориҷаи Финляндия меҳвари асосии гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Финляндия дар шаҳри Ҳелсинкӣ сиёсати байналмилалӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар хоҳад буд. Дар доираи сафар имзои созишнома оиди андозбандӣ дар назар аст.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG