Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунозираи ниҳоии Обама ва Ромнӣ дар Флорида анҷом ёфт


Дар ҷараёни мунозираи ниҳои, ки тақрибан 90 дақиқа идома дошт, ҳам Барак Обама ва ҳам Митт Ромнӣ-номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико қавл доданд, ки аз Исроил ҳимоят мекунанд ва намегузоранд, ки Эрон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ шавад.

Обама гуфт, ки Амрико дар оянда ҳамчунон муттаҳиди стратегии Исроил боқӣ хоҳад монд.

Ин мунозираи ниҳоӣ, ки то ду ҳафта вақт ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар аёлати Флорида дар донишгоҳи Линнаи шаҳри Бока Ратон баргузор шуд, ба масъалаҳои сиёсати хориҷии ин кишвар ихтисос дошт.

Барак Обама изҳор дошт, ки Митт Ромнӣ омода нест фармондеҳии кулли нируҳои Амрикоро бар ӯҳда бигирад. Аммо Ромнӣ изҳор дошт, ки ҷойгоҳи Амрико дар давраи раёсати Обама дар ҷаҳон заифтар шудааст.

Ҳар ду номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико ба тавофуқ расиданд, ки дар соли 2014 нируҳои хориҷӣ аз Афғонистон бароварда шаванд ва ин хуруҷ бояд тибқи нақшаи пешбинишуда анҷом бигирад.

Обама ва Ромнӣ эътироф карданд, ки Амрико бо Покистон муносиботи хуб надорад.
Масъалаҳои “Баҳори Араб”, Ховари Миёна, Афғонистону Покистон ва барномаҳои ҳастаии Эрон аз ҷумлаи мавзӯъҳои баҳси ҷонибҳо ба шумор меравад.

Ҳамкорӣ бо Чин низ ба унвони яке дигар аз масъалаҳои марбут ба муносиботи байналмиллилии Амрико дар ин мунозира матраҳ буд. Ҳар ду номзад хостори тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин шуданд, вале бо назардошти дидгоҳҳои хоси худ.

Ин мунозира дар ҳоле баргузор мешавад, ки вақтҳои ахир ин ду номзад дар Амрико дар миёни интихобкунандагон аз эътибори яксон бархӯрдоранд.

Назархоҳиҳо нишон додаанд, ки ҳам Обама ва ҳам Ромнӣ дар миёни интихобкунандагон тақрибан 47 дарсадӣ ҷонибдор доранд.
XS
SM
MD
LG