Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунозираи Обама ва Ромнӣ дар Флорида идома дорад


Ромнӣ ва Обама
Ромнӣ ва Обама
Мунозираи севвум ва ахири Барак Обама ва Митт Ромнӣ-номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Демократ ва аз Ҳизби Ҷуҳурихоҳ дар аёлати Флорида дар донишгоҳи Линнаи шаҳри Бока Ратон идома дорад.

То интихобот ду ҳафтаи дигар вақт мондааст ва он 6 ноябр баргузор мешавад. Мунозираи ҷонибҳо 90 дақиқа давом мекунад ва он ба масъалаҳои сёсати хориҷии Амрико ихтисос дорад.

Масъалаҳои “Баҳори Араб”, Ховари Миёна, Афғонистону Покистон ва барномаҳои ҳастаии Эрон аз ҷумлаи мавзӯъҳои баҳси ҷонибҳо ба шумор меравад.

Ин муннозира дар ҳоле баргузор мешавад, ки вақтҳои ахир ин ду номзад дар Амрико дар миёни интихобкунандагон аз эътибори яксон бархӯрдоранд.

Назархоҳиҳо нишон додаанд, ки ҳам Обама ва ҳам Ромнӣ дар миёни интихобкунандагон тақрибан 47 дарсадӣ ҷонибдор доранд.
XS
SM
MD
LG