Пайвандҳои дастрасӣ

Имкон дорад ба Сурия нируҳои посдори сулҳ фиристода шавад


Ҳерве Ладсос
СММ мегӯяд, омодагиро оғоз кардааст, то нируҳои посдори сулҳро ба Сурия бифиристад ва онҳо бар риояти оташбас назорат кунанд.

Ин эъломияи СММ дар ҳоле аз ҷониби Ҳерве Ладсос-фармондеҳи нируҳои посдори сулҳи СММ садо дод, ки Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Араб ҳукумати Сурия ва шӯришиёнро ташвиқ мекунад, ки дар рӯзҳои Иди Қурбон оташбасро риоят кунанд. Иди Қурбон рӯзи ҷумъа оғоз мешавад.

Ба гуфтаи Ладсос, Шӯрои Амният бояд фиристодани ҳар гуна нируи посдори сулҳро ба тасвиб расонад. Ладсос мегӯяд, ҳар рӯз дар Сурия аз 150 то 200 нафар кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG