Бузургтарин ширкати мобили Ҷопон гуфт, хадамоти тарҷумаро ба роҳ меандозад, ки ба мардум имкони сӯҳбати телефонӣ бо забонҳои мухталифро фароҳам хоҳад сохт. Ширкати NTT DoCoMo гуфт, муштариёнаш 2 интихоб -тарҷумаи ҳам катбӣ ва ҳам садоии сӯҳбатҳо байни ҷопониҳо ва онҳоеро, ки ба инглисӣ, кореягӣ ё чинӣ ҳарф мезананд, бо таъхири ҳамагӣ чанд сония хоҳанд дошт. DoCoMo гуфт, барномаи ройгони "Hanashite Honyaku"-ро метавон дар смартфонҳо ва планшетҳое, ки бо Android кор мекунанд, насб кард. Тарҷумаи садо ба матн ба зудӣ дар Олмону Фаронса, Индонезияву Итолиё, Португалияву Испания ва Таиланд низ дастрас хоҳад шуд. DoCoMo аммо мегӯяд, ин тарҷумаҳо ҳанӯз бо сифати баланд нест. Феълан Alacatel-Lucent ва Microsoft низ рӯи чунин барномаҳо кор мекунанд.