Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди фармондеҳи амрикоӣ аз Тоҷикистон


Уилям Фрейзер
Уилям Фрейзер
Уилям Фрейзер, фармондеҳи нирӯҳои нақлиётии артиши Амрико бо фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шералишоҳ Мирзо ва муовини аввали вазири дифоъ Рамил Нодиров мулоқот кардааст. Генерал Фрейзер шоми якшанбе вориди Душанбе шуд. Ин боздиди севуми ӯ аз Тоҷикистон дар соли ҷорист. Генерали амрикоӣ ҳафтаи гузашта дар Тошканд бо вазирони дифоъ ва хориҷаи Узбакистон масоили марбут ба шабакаи шимолии таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистонро баррасӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG