Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико, шоми 21-уми октябр бо як сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуда, имрӯз бо бархе аз мақомоти кишвар дидору гуфтугӯ анҷом додааст.
Аз ҷумла, ӯ бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Шералишо Мирзо, масоили таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ намудааст. "Азия-Плюс" аз қавли сӯхангӯи ин ниҳод Хушнуд Раҳматуллоев гуфта, ки фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз ёриҳои Амрико барои таҳкими марз изҳори сипос намудааст. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои фаннӣ-низомӣ ва омодасозии кадрҳо барои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтугӯ намудаанд.
Фармондеҳи баландмақоми амрикоӣ рӯзи душанбе ҳамчунин бо Рамил Нодиров, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дода, масоили амнияту субот дар минтақаро баҳс кардааст.
Ин сафари севуми генерал Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико, дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аст. Вай моҳҳои феврал ва майи соли равон низ аз Тоҷикистон боздид карда буд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!