Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкоршавии ҷасади донишҷӯдухтари тоҷик дар Воронеж


Дар шаҳри Воронеж ҷасади духтараки донишҷӯ пайдо шудааст, ки ба эҳтимоли зиёд худкушӣ кардааст. Кумитаи тафтишоти Русия бо нашри ин хабар мегӯяд, ки ин ҳодиса рӯзи 19 октябр рух додааст. Духтари 20-сола аз Тоҷикистон буд ва ҳанӯз сабабҳои марги ӯ мушаххас нашудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ки ҷасади духтари тоҷикистониро сокинони маҳаллӣ дар назди сохтмони хобгоҳи Академияи тиббӣ пайдо ва ба полис хабар додаанд. Аз рӯи тафтишоти пешакӣ ва матни номаи пеш аз марге, ки дар утоқи зисти духтарак ошкор шудааст, тахмин зада мешавад, ки ӯ ихтиёран даст ба ин кор задааст. Бовар меравад, ки донишҷӯдухтар аз ошёнаи 13 хобгоҳ сарозер шуда ҷо ба ҷо ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи иттилои полис, ин духтарак аз донишгоҳ хориҷ шудааст, вале роҷеъ ба сабабҳояш чизе гуфта намешавад.
XS
SM
MD
LG