Бино ба хабарҳо, ба раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод иҷозати вуруд ба зиндони Эвинро надодаанд. Аҳмадинажод мехост аз муовираш Алиакбар Ҷавонфикр аёдат кунад. Ҷавонфикр бо ҷурми нашри матлаби “зишт” ва таҳқири раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба 6 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Қувваи қазоияи Эрон дархости Аҳмадинажодро радд карда, гуфтааст, раисиҷумҳур бояд ба ҷои “аёдати зиндон” рӯи “масоили бузургтар”, чун буҳрони иқтисодӣ фикр кунад. Нуфузи Афмадинажод дар пайи моҷарои соли гузаштааш бо Хоманаӣ, ки вазири иттилоотро ӯ аз кор гирифту Хоманаӣ барқарор кард, рӯ ба уфт овардааст. Муҳофизакорон дар маҷлис Аҳмадинажодро ба идораи нодурусти иқтисод, аз ҷумла уфти башиддати қурби риёл, айбдор мекунанд.
Аҳмадинажодро ба зиндони Эвин роҳ надоданд
