Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як масъули беҳдоштӣ дар Кӯлоб


Маъмурони Оҷонсии зидди фасоди минтақаи Кӯлоб як масъули беморхонаи вилоятӣ дар ин минтақаро ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт кардаанд.

Тибқи иттилои масъулони Оҷонсии мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб духтур Баллаҷонов, мудири шӯъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи бемористони вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб дар гиирфтани ришва аз корафтода ба маблағи 450 сомонӣ ё муодили ҳудуди 100 доллари амрикоӣ муттаҳам дониста мешавад.

Таҳқиқи пешакӣ собит кардааст, ки ин масъули беморхонаи вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб ин маблағро ба ивази ҷарроҳии шахси корафтода гирифтааст. Нисбат ба ин масъули беморхонаи вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG