Бино ба гузоришҳои расида, баъд аз истифода аз гази ашковар ва бамҳои гӯшкаркунанда аз тарафи пулиси Кувайт чанд нафар маҷрӯҳ ва гурӯҳе ҳам боздошт шудаанд. Даҳҳо ҳазор нафар дар Кувайт ба тазоҳурот баромаданд ва бар зидди ворид кардани тағирот дар Қонуни Асосӣ эътироз карданд.
Вазорати корҳои дохила дар эъломияе гуфтааст, ки дар даргириҳо 11 корманди пулис захмӣ шудааст. Вале гузоришҳои таъйиднашуда ҳокист, ки даҳҳо нафар эътирозгарон низ ҷароҳат бардоштаанд.
Рӯзи якшанбе одамон дар қисматҳои мухталифи шаҳри Кувайт гирдиҳам омаданд ва ба сӯи бинои ҳукумат раҳпаймоӣ анҷом доданд. Онҳо бар зидди тағироти нав дар Қонуни Асосӣ эътироз карданд. Қарор аст қабл аз интихоботи якуми декабри соли ҷорӣ дар Қонуни Асосӣ тағирот ворид шавад.
Ҷонибдорони мухолифон мегӯянд, ки қарор аст бар асоси ин тағирот фаъолияти гурӯҳҳои сисёсии мухолифро мамнуъ эълон кунанд.