Нируҳои амниятии Лубнон ба ҳаво тир андохтанд ва ба сӯи эътирозгарон гази ашковар партофтанд. Эътирозгарон, ки аслан аз ширкаткунандагони маросими ҷанозаи Виссом Ҳасан буданд, талош доштанд дар Бейрут бинои ҳукуматро ба тасарруфи худ дароранд.
Виссом Ҳасан-мақоми баландпояи нируҳои кашфи Лубнон буд ва дар як ҳодисаи бамгузорӣ террор шуд. Барои ин кор аксарият нируҳои режими Сурияро муттаҳам медонанд.
Тазоҳуркунандагон аз панҷараҳои амниятии атрофи бинои ҳукумат гузаштанд ва бо пулис вориди задухӯрд шуданд. Онҳо истеъфои Наҷиб Микатӣ-нахуствазири Лубнонро тақозо мекарданд. Онҳо ҳукуматро муттаҳам мекарданд, ки бо режими Сурия ва “Ҳизбуллоҳ” робитаи наздик дорад.