Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози консули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург


Назари Мирзода
Назари Мирзода
Консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба Георгий Полтавченко-мири ин шаҳр барои нашри “Раҳнамои муҳоҷири корӣ” номаи эътирозӣ хоҳад фиристод. Дар ин бора Назари Мирзода-консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба матбуот хабар додааст.

Вай гуфтааст, истифода аз ин раҳнамо бояд ҳатман мамнуъ эълон шавад. Ба гуфтаи консули ифтихорӣ, нашри чунин раҳнамо тавҳину таҳқир аст ва он дар Санкт-Петербург тафриқаи миллиро бармеангезад.

Ахиран дар ин шаҳр ”Раҳнамои муҳоҷири корӣ” ба нашр расид ва дар он муҳоҷирон дар сурати ҷорӯбу чӯткаи рангмолӣ ва асбоби андова нишон дода шудаанд. Ин раҳнамо ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG