Театри мазкур дар фестивали байналмиллалии театрҳои касбии Осиёи Марказӣ, Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Ҳунармандони театр намоишномаи «Парӣ»-ро бо худ ба фестивал бурданд, ки аз рӯйи асари Тоҳири Мамадризо рӯи саҳна омадааст. Бо ин намоишномаи нав, созу наво ва фарҳангу суннати бостонии мардуми кӯҳистони Бадахшон ба тамошобинон муаррифӣ мешавад.
Муовини директори театр Ҷобиршо Хубоншоев гуфт, ки барои нахустин бор дар асри нав ҳунармандони театр имконияти сафари ҳунарӣ ба хориҷи кишварро пайдо карданд ва ба он омодагии хуб диданд.
Вай гуфт: «Зиёда аз ду моҳ болои намоишома кор кардем, 16 нафар мутрибону бозигарони беҳтаринро ба он ҷалб кардем ва умедворем, ки он аз ҷониби мухлисон хуб истиқбол мешавад.»
Хароҷоти таҳияи намоишнома ва харҷи сафарро вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва мақомоти вилоятӣ пардохт кардаанд.
Иштирокдорони фестивал нахустин тамошобинони намоишномаи «Парӣ» хоҳанд буд. Ҳунармандон тасмим доранд, ки моҳи оянда намоишномаро пешкаши тамошобинон дар Хоруғ гардонанд.
Фестивали байналмиллалии театрҳои касбӣ аз 21-ум то 29-уми октябр дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!