Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли ҷавонтарин писари Қаззофӣ


Хамис Қаззофӣ, писари Муаммар Қаззофӣ.

Хамис Қаззофӣ, фарзанди 29-солаи раҳбари пешини Либия дар ҷараёни даргириҳо бо нерӯҳои давлатӣ дастгир ва кушта шудааст.

Хабаргузории Олмон аз қавли телевизиони давлатии Либия гузориш додааст, ки писари диктатори пешини Либия рӯзи шанбе дар шаҳри Бани Валид кушта шудааст.

Дар моҳҳои гузашта чунин овозаҳо буд, ки Хамис Қаззофӣ, ки раҳбарии нерӯҳои давлатиро дар инқилоби соли гузаштаи Либия бар ӯҳда дошт, ба дасти нерӯҳои мухолиф ба қатл расидааст.

Бар асоси хабари ҷадид, як хабарнигори телевизиони давлатии Либия гуфтааст, ки ҷасади Хамис Қаззофиро дар даргириҳои рӯзи шанбе дар шаҳри «Бани валид» мушоҳида кардааст.

Артиши Либия рӯзи шанбе пас аз ду ҳафта муҳосира саранҷом ба мавзеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи мухолиф дар Бани Валид ҳамла кард ва дар ин ҳамла даҳҳо тан аз ду тараф кушта шуданд.

Рӯзи шанбе ҳамзамон бо якумин солгарди кушта шудани Муаммар Қаззофӣ, давлати ин кишвар эълом кард, Мусо Иброҳим, сухангӯи диктатори собиқи Либияро ёфта ва боздошт кардааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG