Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ША СММ таркиши Бейрутро "ҳамлаи террористӣ" номид


Шӯрои амнияти СММ таркиш дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнонро, "ҳамлаи террористӣ" унвон кард. Бар асари ин ҳамла 8 нафар кушта ва тақрибан 80 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Миёни қурбониёни таркиш - герерал Висам ал-Ҳасан, раиси яке аз бахшҳои Хадамоти амнияти дохилии Лубнон, низ ҳаст.

Таркишро Вошингтон ҳам шадидан маҳкум кард. Намояндаи Шрои амнияти миллии ИМА Томми Втор изҳор намуд, ки Вошингтон аз талошҳои ҳукумати Лубнон барои ошкору муҷозот кардани муҷримони ин "ҳамлаи ваҳшиёна" пуштибонӣ мекунад.

Эътилофи мухолифини ҳукумати Лубнон "14 март" масъулияти ҳамларо бар дӯши нахуствазир Наҷиб Микатӣ гузошт ва хостори истеъфои ҳукумати ӯ шуд.Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи Лубнон, ҳам дар ин таркиш мақомоти расмиро айбор кард. Генерал Ал-Ҳасан қазияи куштори падари ӯ - Рафиқ Ҳарирӣ дар чанд соли пешро тафтиш мекард.
XS
SM
MD
LG