Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши танишҳо дар Осиёи шарқӣ


Таҳдиди ду Корея ба ҳамла ва машқи баҳрии Чин дар пасманзари баҳси қаламраваш бо Ҷопон боиси афзоиши таниш дар Осиёи шарқӣ шудааст. Кореяи ҷанубӣ рӯзи ҷумъа ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамлаи Кореяи шимолӣ ҳамлаи ҷавобӣ хоҳад кард. Пхенян қаблан таҳдид карда буд, ки агар гурӯҳи фирориҳои дар Кореяи ҷанубӣ паноҳёфта ба иҷрои қасди тавзеъи шабномаҳои таблиғотӣ дар манотиқи марзӣ тавассути кӯраҳои ҳавоӣ даст бизананд, оташ хоҳад кушод.
Дар ҳамин ҳол, Чин ба машқи низомӣ дар баҳи Чини ҷанубӣ шурӯъ кардааст. Ин тамринот дар пасманзари танишҳо бо Ҷопон бар сари ҷазираҳоест, ки Чину Тайван ва Ҷопон даъвои соҳибӣ доранд. Ҷопон ахиран 3 ҷазираи баҳсиро аз моликони инфиродӣ харид, ки эътирози дипломативу иҷтимоӣ дар Чинро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG