Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси ниҳоди воҳиди нозири бонкҳо дар Аврупо


Раҳбарони Аврупо ҷиҳати таъсиси як ниҳоди воҳиди нозир барои бонкҳои кишварҳои узви минтақаи евро тавофуқ карданд. Президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй субҳи ҷумъа дар пайи мулоқоти сарони ИА дар Брюссел гуфт, ин ниҳод соли оянда ташкил хоҳад ёфт: “Дар пайи ахзи тавофуқ, ин механизми воҳид шояд дар тӯли соли 2013 ба кори муассир бипардозад.”
Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд гуфт, ИА ба “нуқтаи атф”-и буҳрони мол расидаааст ва эҷоди механизми пешгирӣ аз буҳрони бонкӣ қадами навбатӣ дар роҳи эҳёи суботи минтақа аст. Ба гуфтаи садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ба фаъолияти комил пардохтани ниҳоди нозири бонкҳо шояд то чанд моҳи дигарро дар бар бигирад.
XS
SM
MD
LG