Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳои аврупоӣ ба Хоруғ рафтанд


Рӯзи панҷшанбе гурӯҳе аз сафирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо барои ошноӣ бо вазъи Хоруғ, маркази Вилояти Бадахшон ба ин шаҳр рафтаанд. Бори аввал аст, ки баъд аз амалиёт барои маҳви гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар Хоруғ, дипломатҳои хориҷӣ аз инҷо боздид мекунанд. Анна Дорис Ҳертзамф, сафири Олмон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо мехоҳанд, бо мардуми Хоруғ мулоқот карда ва фикри ҷонибҳоро дар бораи нооромиву хунрезӣ дар шаҳр бишнаванд, ки ин нооромиҳо баъди қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати амнияти миллии Бадахшон дар моҳи июл шуруъ шуд.
XS
SM
MD
LG