Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми норозии Юнон боз даст ба коршиканӣ зад


Дар Юнон коршикании умумӣ алайҳи чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумат, ки боиси коҳиши маошу нафақа мешавад, шурӯъ шуд. Тайи як шабонарӯз бештари идораҳои давлатӣ, бемористонҳо, мағозаҳо баста ва ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ қатъ мешавад. Ин дуввумин коршикании умумӣ дар се ҳафтаи ахир аст.

Ҳукумати Юнон бар пояи созиш бо “сегона”-и қарздиҳанда – Комиссиюни Аврупо, Бонки марказии Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул бояд хароҷоти буҷаро ездаҳу ним миллиард евро кам кунад. Фақат дар ин сурат Афина ба дарёфти бастаи нави кӯмакҳо ба маблағи умумии 130 миллиард евро дастрасӣ пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG