Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андерс фог Расмуссен вориди Кобул шуд


Андерс Фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, дар садри як ҳайати ин Паймон вориди шаҳри Кобул шуд. Қарор аст, ки ҳайат бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, аъзои ҳукумат ва вакилони парлумон музокирот кунад.

Андерс фог Расмуссен дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба нияти кӯмак ба афғонҳо барои бунёди кишварашон содиқ аст.

Ӯ изҳори итминон кард, ки нерӯҳои амниятии афғон тавони барои назорати мустақилонаи вазъи кишвар баъд аз соли 2014-ро хоҳанд дошт. Раҳбари НАТО таъкид кард, ки Паймон талошҳояш барои тамрини низомиёну кормандони полиси афғонро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG