Пайвандҳои дастрасӣ

Нақби Шаҳристон 27 октябр ифтитоҳ хоҳад ёфт


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 27-уми октябри соли ҷорӣ туннел ё нақби Шаҳристон расман ифтитоҳ хоҳад шуд.

Як масъули дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нишасти ахири ҳукумат бо ҳузури нахуствазир Оқил Оқилов таъкид шудааст, ки нақби Шаҳристон рӯзи 27-уми октябри соли ҷорӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Ин тасмим пас аз сафари Оқил Оқилов ба нақби Шаҳристон дар ҳафтаи гузашта ва ошноӣ бо ҷараёни сохтмони он гирифта шудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар назар аст, дар расми кушоиши туннели Шаҳристон раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ширкат кунад.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, сохтмони туннели мазкур дар соли 2006 оғоз шуда ва барои бунёди он ҳудуди 80 миллион доллар аз ҷониби Чин пардохта шудааст.

Ин нақб бояд ба муносибати 21-солагии таҷлили истиқлолияти Тоҷикистон боз карда мешуд, вале бинобар идома доштани корҳои сохтмонӣ мӯҳлати он ба таъхир афтод.

Дарозии ин туннел ба 5 ҳазору 253 метр баробар буда, пас аз нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб калонтарин туннел дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин нақб дар якҷоягӣ бо нақби "Истиқлол" манотиқи шимоли Тоҷикистонро бо маркази пойтахт наздиктар месозад.

Пас аз сохтмони нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб равуо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд то ҳадде осон шудааст ва анҷоми сохтмони нақби “Шаҳристон” ин роҳро боз ҳам наздиктару бехавф хоҳад кард. Бинобар ин, сокинон ифтитоҳи нақби "Шаҳристон"-ро як моҳ пештар аз фасли зимистон ба манфиат медонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG