Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи анҷумани «Муколамаи ҳамкории Осиё» дар Кувайт бо ҳамтоёни афғону эронии худ Ҳомиди Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқотҳои дуҷонибаву сеҷониба анҷом додааст. Дар ин дидорҳо ҳамкориҳои ин 3 кишвар дар соҳоти мухталиф ва ҳам тарҳҳои минтақавие, чун бунёди роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Эрон тавассути Афғонистон баррасӣ шудааст. Мулоқоти дигари Эмомалӣ Раҳмон дар Кувайт бо сарвазири Таиланд Йинглак Шинаватра доир шудааст.