Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 "ифротгаро" дар Қирғизистон


Мақомоти амниятии Қирғизистон имрӯз 5 нафарро бо иттиҳоми таҳияи ҳамлаҳои террористӣ дастгир кардаанд. Кумитаи амнияти миллӣ гуфт, ин афрод дар як амалиёт ба даст афтода, аз онҳо як миқдори хурди таслиҳот, бо шумули силоҳу норинҷак ва маводи мунфаҷира, ва ҳамчунин “адабиёти мамнӯъ” гирифтаанд. Ҳамаи боздоштшудаҳо шаҳрвандони Қирғизистон будаанд. Макони боздошти ин гурӯҳ оварда нашудааст, вале гуфта мешавад, ки онҳо ба “силсилаи ҳамлаҳо” алайҳи пулис дар Бишкек омодагӣ доштаанд.
XS
SM
MD
LG