Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванишвилӣ ба мақоми сарвазир пешбарӣ шуд


Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ
Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ рақибаш Бидзина Иванишвилиро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кард. Эътилофи Орзуи Гурҷистони ин миллиардери 56-сола дар интихоботи парлумонии 1 октябр бар ҳизби Ҷунбиши воҳиди миллии Саакашвилӣ ғолиб омад. Манана Мнаҷгаладзе – сухангӯи Саакашвилӣ гуфт, Иванишвилӣ барои ташкили кобинаи нав 10 рӯз фурсат дорад. Иванишвилӣ рӯйхати номзадҳо ба кобинаашро дирӯз эълон ва аз ҷумла футболбози собиқи “Милан” Каха Каладзеро ба симати вазири энержӣ пешбарӣ кард.
XS
SM
MD
LG