Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаҳои муқаддамотӣ дар бораи нерӯгоҳи Роғун


Бонки Ҷаҳонӣ гузориши муқаддамотӣ дар бораи арзёбиҳои таъсироти муҳитизистии неругоҳи Роғунро нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, дар сурати бунёд, олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои атрофи нерӯгоҳ зиёне бисёре нахоҳад дид. Дар гузориш ки дируз нашр шуд, омадааст, олами набототу ҳайвоноти маҳалли сохтмони Роғун, ғанӣ нест, ки маҳв шавад. Дар робита ба таъсири садд ба ҷараёни оби рудхонаи Вахш гуфта шудааст, ки ин масъала бояд амиқтар омухта шавад, агарчӣ неругоҳи Норак дар поёни Роғун таъсири чандоне ба маҷрои рудхона нагузоштааст. Неругоҳи Роғун, бо иқтидори 3600 мегават, ба мухолифати кишварҳои поёноб бахусус Узбакистон ру ба руст, ки мегуяд, дар сурати бунёди садди неругоҳ, оби кофӣ барои киштзорҳои васеъи худ нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG