Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карачич дар додгоҳи Ҳейг аз худ дифоъ мекунад


Радован Карачич ҳангоми ҳимоят аз худ
Радован Карачич ҳангоми ҳимоят аз худ
Рӯзи сешанбе Радован Карачич-раҳбари сиёсии сербҳои Босния дар солҳои ҷанг имрӯз дар ҷараёни мурофиа дар додгоҳи Ҳейг барои ҳимоят аз худ суханронӣ кард. Карачич сухунони худро бо инкор кардани ҳамаи ҷиноятҳои ба вай боршуда оғоз кард.

Вай барои куштори 8 ҳазор мусулмони Босния дар моҳи июли соли 1995 дар Серебренитса муттаҳам дониста мешавад. Дар миёни онҳо кӯдакон низ буданд.

Карачич зимни суханони худ даъво кард, ки вай набояд муттаҳам эълон шавад, балки вайро барои талошҳояш дар роҳи таъмини сулҳ бояд қадрдонӣ кунанд.

Мурофиаи додгоҳии Карачич соли 2009 оғоз ёфта буд ва вай мегӯяд, ки додситонҳо дар ошкор кардани шаҳодатҳои додашуда таъхир кардаанд.
Радован Карачич соли 2008 боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG