Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози андоздиҳандагон дар ноҳияи Панҷ


Тақрибан 50 нафар сокинони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар назди бинои ҳукумати ин ноҳия гирдиҳам омаданд ва талаб карданд, ки масъалаи пардохти андози сесоларо барои мардум ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шарҳ диҳанд.

Як сокини ноҳияи Панҷ, ки худро Ҳасан Сайдалиев муаррафӣ кард, рузи сешанбе дар тамоси телефонӣ ба радиои Озҳодӣ гуфт, ки мақомоти андози ҳукумати ноҳияи Панҷ аз сокинон талаб доранд, ки 15 сомонӣ пули ҳифзи иҷтимоӣ барои нафақаро бипардозанд.
Сайдалиев мегӯяд, мардум мехоҳанд, ки мақомоти андози ноҳия ба дархости онҳо посухи рушан диҳанд, аммо мақомот аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо гирдиҳамомадагон худдорӣ кардаанд.

Ҳар моҳ супоридани 15 сомонӣ барои се соли гузашта ба беш аз 5 ҳазор сомонӣ мерасад ва сокинон наметавонанд онро пардохт кунанд. Гузашта аз ин бисёр хонаводаҳое, ки фарзандҳояшон дар хоҷагиҳо сабт шудаанд, чанҳд сол аст дар Русия ба сар мебаранд ва ё аъзои баъзе хонаводаҳо фавтидаанд, аммо аз руйхати хоҷагӣ берун карда нашудаанд.
XS
SM
MD
LG