Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таъмини амнияти дипломатҳо масъулияти вазорати хориҷа аст"


Ҳилларӣ Клинтон гуфта, ки таъмини амнияти сафоратҳои Амрико ҷузъи масъулиятҳои вазорати хориҷаи ин кишвар аст.

Ҳилларӣ Клинтон ин матлабро рӯзи 15-уми октябр зимни як барномаи телевизионӣ дар вокуниш ба интиқодҳо аз ҳамлаи маргбор ба намояндагии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия, ки сабаби фавти сафир ва се дипломатии дигари ин кишвар шуд, баён дошт.

Дар маъракаи интихоботии раёсати ҷумҳури Амрико, рақибони Барак Обама аз саҳлангории маъмурияти ӯ дар ҳифзи дипломатҳои ин кишвар дар пайи нашри як филми зиддиисломӣ, интиқод карданд.

Ба дунболи нашри филми тавҳинозмези "Бегуноҳии мусалмонон", мавҷи эътирозҳо саросари ҷаҳони исломро фаро гирифт ва сафоратҳои Амрико дар кишварҳои мухталиф мавриди таҳдид қарор гирифтанд.

Хонум Клинтон гуфтааст, раисиҷумҳури Амрико ва ноиби ӯ масъули таъмини амнияти дипломатҳо нестанд, балки ин масъулияти вазорати умури хориҷии ин кишвар аст.

"Ҳифзи намояндагиҳои дипломатӣ масъулияти ман аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG