Нурҷигит Қадирбеков-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, кишвараш ба таҳияи созишнома бо Амрико ва Британия роҷеъ ба роҳҳои истирдоди афроди муттаҳам ва гумонбар шуруъ кардааст.
Ин изҳороти вазорат дар ҳоле пахш мешавад, ки рӯзи ҷумъаи гузашта Максим Боқиев-писари Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дар Лондон бо гуноҳи пинҳонкорӣ ва риоят накардани қонунҳои Амрико дар солҳои 2010-1012 боздошт шуд. Баъдтар вай бо васиқа, яъне пардохт кардани маблағе аз боздошт раҳо гардид.
Қирғизистон низ баъд аз барканории Қурмонбек Боқиев дар апрели соли 2010 ҷустуҷӯи Максимро эълон кардааст.
Моҳи декабр додгоҳи Лондон дар бораи имкони таслими Максим Боқиев ба Амрико ҳукми худро содир хоҳад кард.
Амнрико вайро барои истифодаи нодурусти миллионҳо доллар аз фондҳои иҷтимоӣ муттаҳам медонад.