Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караджич ба даъвоҳои додситонҳо посух мегуяд


Қарор аст, имрӯз дар Додгоҳи Гаага муҳокимаи Радован Караджич, раҳбари собиқи сербҳои боснӣ шуруъ шавад, ки уро ба наслкушӣ ва дигар ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мекунанд. Фармондеҳи замони ҷанг дар муҳокимаи имрӯза ба даъвоҳои додситонҳо посух мегуяд, ки уро аз ҷумла ба қатли оми 8 ҳазор марду навраси мусулмон дар деҳаи Сребренитса муттаҳам мекунанд. Ин ҳодиса моҳи июли соли 1995 рух додааст, вале Радован Караджич мегуяд, ки ҳеҷ гуноҳе надорад. Муҳокимаи фармондеҳи собиқи сербҳои боснӣ соли 2009 дар Додгоҳи Созмони Милал шурӯъ шуд, вале баъди даъвоҳои худи у алайҳи додситонҳо ба таъхир афтод. Радован Караджич, ки дастандаркори ҷиноятҳои ҷангии зиёд дар замони ҷангҳои соли 1992-95 дар Босния ва Ҳерзеговина хонда мешавад, баъди 13 соли фирор, соли 2008 ба даст афтод.
XS
SM
MD
LG