Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия як хабарнигори украиниро рабудаанд


Ҳукумати Украина мегуяд, ки як хабарнигори украиниро шуришиёни Сурия рабудаанд. Раиси ҷумҳур Виктор Янукович дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки Анхар Кочнева, ки барои як Телевизиони Русия кор мекард, нопадид шудааст ва мақомот амр гирифтаанд, ки дараки ин хабарнигори 40-соларо ёфта ва ҳуқуқашро ҳимоят кунанд. Олександр Дюксаров, сухангуи вазорати умури хориҷии Украина гуфт, ки талошҳо барои раҳоии Анхар Кочнева идома дорад. Ҳамкоронаш гуфтаанд, ки Анхар Кочнева рузҳои 12 ва 13 октябр бо онҳо телефони тамос гирифта ва гуфтааст, ки уро аъзои Артиши Озоди Сурия, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад меҷанганд, рабудаанд.
XS
SM
MD
LG