Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар нишасте дар Люксембург дар бораи густариши таҳримҳо алайҳи Сурия тасмим гирифтанд. Вуруди боз 28 мансабдори режими Димишқ ба кишварҳои узви Иттиҳодия мамнӯъ шуд.
Ҳисобҳои бонкии онҳо ва ду ширкати давлатии Сурия мунҷамид шуданд. Дар маҷмӯъ 181 тан аз масъулини ҳукумати Башор Асад зери таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор доранд.
Вазирон ҳамчунин мавзӯи таҳмили таҳримҳои нав болои Эрон ва Белорусро баррасӣ мекунанд. Дар робита ба Эрон интизор меравад, ки ба ҷуз мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкии афроди алоҳидаву ширкатҳо ҳамчунин воридоти гази Эрон ба Аврупо манъ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои киштисозиву ширкатҳои дорои киштиҳо дар Эрон маҳдуд карда шавад.
Қарор аст, ки Иттиҳодияи Аврупо манъи вуруд барои беш аз 200 мансабдори ҳукумати Белорус, аз ҷумла, раисиҷумҳур Александр Лукашенкоро боз як соли дигар тамдид кунад. Гуфта мешавад, ин вокуниши Брюссел ба сарпечии Минск аз раҳоии маҳбусони сиёсӣ хоҳад буд.