Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси қонуни нави савдо дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон


Имрӯз, 15-уми октябр, Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонуни нав, ки ба танзими бахши савдою хизматрасонӣ дар кишвар нигаронда шудаст, баррасӣ намуд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон, ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни муҳокимаи лоиҳаи қонун "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ дар Тоҷикистон", вакилон таъкид намуданд, ки қонуни мазкур бо мақсади танзими давлатии савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ таҳия шуда, ҳамзамон ба пешгирии дахолати беасоси мақомоти давлатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқию инфиродӣ равона шудаст.

Таҳияи қонуни мазкурро президенти Тоҷикистон ҳанӯз аввали соли 2011-ум ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар супориш дода буд, вале қабули он то ба ҳол ба таъхир афтодааст. Худи Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавриди зарурияти қонуни нави савдою хизматрасониҳо тобистони соли ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки "мо бозор ҳама чиро худаш танзим мекунад гуфта, то ҳол ба дигар корҳо банд будем."
XS
SM
MD
LG