Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ дар Донишгоҳи Вашингтон суханронӣ мекунад


Муҳиддин Кабирӣ,раиси Ҳизби наҳзати иломии Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ,раиси Ҳизби наҳзати иломии Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, айни ҳол дар Амрико қарор дорад ва дар назар аст бо Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи ИМА мулоқот намояд. Дар ин бора рӯзи 15-уми октябр ба радиои "Озодӣ" Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дод. Доир ба масоили баҳс дар ин дидор ҳанӯз чизе гуфта намешавад. Ҳикматтулло Сайфуллозода мегӯяд, аслан даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико аз ҷониби Маркази донишгоҳи Вашингтон сурат гирифтааст. Рӯзи сешанбе, 16-уми октябр қарор аст, оғои Кабирӣ дар ҳузури донишҷӯёни ин Донишгоҳ суханронӣ кунад. Гуфта мешавад дар доираи ин сафар Муҳиддин Кабирӣ бо намояндагони созмонҳои исломие, ки дар Иёлоти муттаҳида расман фаъолият доранд гуфтугӯ ва мулоқот анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG