Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як австриягӣ тундтар аз садо парвоз кард


Феликс Баумгартнер, як чатрбози нотарси австриягӣ аз баландии тақрибан 39 километрӣ ба Замин фуруд омад ва рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Рекорди 52-солаеро, ки Ҷо Киттингер, як афсари нерӯҳои ҳавоии Амрико бо фуруд омадан аз баландии 31 километр гузошта буд. Феликс Баумгартнер ҳамчунин нахустин чатрбозе шуд, ки бо суръати тундтар аз суръати садо ҳаракат кард. Чатрбози 43-сола ин ҷасорати худро дар аёлати Ню Мексикаи Амрико нишон дод ва аз куррае поён ҷаҳид, ки дар қабати стратосфера қарор дошт. Ӯ либоси махсусе дошт, ки аз фишори зиёд муҳофизаташ мекард. Чатри ӯ тавре сохта шудааст, ки дар сурати аз ҳуш рафтанаш ба таври автоматик худаш боз мешавад, вале Феликс Баумгартнер худаш онро боз кард ва ба муроди чандинсолааш расид.
XS
SM
MD
LG