Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи 5 волӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Русия


Имрӯз дар 77 минтақа аз 83 вилояту ҷумҳуриҳои тобеъи Русия интихоботи маҳаллӣ доир мешавад. Имрӯз аз ҷумла волиёни 5 вилоят – Амур, Брянск, Новгород, Белгород ва Рязанро интихоб мекунанд. Интизор меравад, дар ҳамаи 5 вилоят волиёни кунунӣ, ки таҳти ҳимояти ҳизби ҳокими Русияи воҳид қарор доранд, пирӯз шаванд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар соли 2004 интихоботи мустақими волиёнро барҳам дод, вале дар пайи эътирозҳои густардаи декабри соли 2011 алайҳи беадолатии низоми интихобот, ҳаққи интихоби волиҳоро дубора ба мардум баргардонданд. Вале мухолифин ин тағйиротро танҳо як ислоҳи зоҳир меноманд.
XS
SM
MD
LG