Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи занонаи футболи Тоҷикистон ба Урдун


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-19) 13-уми октябр ба Урдун сафар кард.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон барои аввалин бор дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад.

Футболбоззанони тоҷик барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ аз даври аввали сабқати интихобӣ шурӯъ мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо дастаҳои занонаи Урдун, Эрон ва Фаластин барои ба даври дувум роҳ ёфтан мубориза мебарад. Бозиҳо дар пойтахти Урдун-Уммон аз 18-ум то 22-юми октябр баргузор мешаванд.

Дастаи Тоҷикистон нахустин бозиашро рӯзи панҷшанбе, 18-уми октябр дар варзишгоҳи “Петра”-и Уммон бо тими мунтахаби Эрон анҷом медиҳад. Футболбоззанони тоҷик дар бозии дувум 20-уми октябр бо дастаи мизбон - Урдун ва дар бозии севум 22-юми октябр бо тими мунтахаби Фаластин рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври дувуми интихобӣ, ки аз 1-ум то 9-уми декабри соли равон дар Вйетнам баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19):
дарвозабонҳо:
Саида Раҳмонова («Ласточка», Душанбе), Таманно Каримова («Барқ», Норак), Комила Муллоянова («Регар-ТадАЗ», Турсунзода);
ҳимоятгарон: Нигора Ҳайдаралиева, Фарида Ҳалимова, Магдалена Фербер, Ҳурбибӣ Саидова (ҳар чор – «Ласточка», Душанбе), Нишона Саидова («Вахш», Қӯрғонтеппа);
нимҳимоятгарон: Фарзона Бобокалонова, Мадинаи Искандарӣ, Парвина Ҳаитова (ҳар се – «Ласточка», Душанбе), Меҳрангез Шарифзода, Лайло Ҳалимова (ҳарду - «Вахш», Қӯрғонтеппа), Осима Ятимова, Маҳваш Солиева (ҳарду - «Барқ», Норак);
ҳамлагарон: Мадина Фозилова, Нодира Мирзоева, Наталя Сотникова (ҳар се– «Ласточка», Душанбе).
Сармураббӣ: Сулаймон Бобокалонов.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 19-сола. Даври аввали интихобӣ.

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум. 18-уми октябр, панҷшанбе
14.00 – Эрон – Тоҷикистон
18.00 – Урдун – Фаластин

Даври 2-юм. 20-уми октябр, шанбе
14.00 – Фаластин – Эрон
18.00 – Тоҷикистон – Урдун

Даври 3-юм. 22-юми октябр, душанбе
14.00 – Тоҷикистон – Фаластин
18.00 – Урдун – Эрон
XS
SM
MD
LG