Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди тунди Амрико аз сиёсати Русия


Амрико Русияро ба таъқиби сиёсати «аз нигоҳи ахлоқӣ расво» дар қиболи Сурия айбдор кард. Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон «амиқан нигарон»-и Маскав аст, ки режими Башор Асадро ҳамчунон бо маводе таъмин мекунад, ки метавонад барои ҷанг бо чирикиҳо истифода шавад. Вокуниши Вошингтон дар пайи иҷборан дар Туркия пойин кардани ҳавопаймои мусофирбарест, ки аз Маскав ба Димишқ парвоз мекард. Амрико мегӯяд, ба инки ин ҳавопаймо «таҷҳизоти ҷиддии низомӣ» мебурд, шакк надорад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров эътироф кардааст, ки дар ин ҳавопаймо қисмҳои радар буд, вале интиқоли онҳо ба таври қонунӣ сурат мегирифт.
XS
SM
MD
LG