Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф радиову телевизион хоҳад сохт


Вазири маориф Нуриддин Саидов
Вазири маориф Нуриддин Саидов
Вазорати маорифи Тоҷикистон мехоҳад радиову телевизиони худро бисозад. Вазири маориф Нуриддин Саидов дар нишасти бахшида ба 80-солагии нашрияи “Омӯзгор” гуфтааст, ки корҳои фаннӣ дар ин замина алакай анҷом шуда, баробари дарёфти иҷозатнома ба таъсиси радиову телевизион шурӯъ хоҳанд кард. Хабаргузории "Озодагон" хабар дод, ки қарор аст, ибтидо радиои вазорати маориф ташкил шуда, дар мароҳили аввал барои пойтахт ва шояд навоҳии атрофаш ҳар рӯз то 12 соат барнома пахш кунад. Таъсиси шабакаи телевизионӣ марҳалаи дигари ин барномаи вазорати маорифи Тоҷикистон гуфта мешавад.
“Омӯзгор”, ки қаблан бо номҳои “Барои маорифи коммунистӣ”, “Маориф ва маданият” ва “Газетаи муаллимон” нашр мешуд, феълан бо теъдоди 30 000 нусха чоп мешавад.
XS
SM
MD
LG