Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Дар ҳавопаймо ягон хел силоҳ набуд


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, дар ҳавопаймои суриягӣ, ки аз Маскав ба Димишқ парвоз мекард ва аз сӯи мақомоти Туркия боздошт шуда буд, ягон хел силоҳ набуд. Дар ҳавопаймо фақат таҷҳизот барои радарҳо буд, ки интиқоли онҳо мутобиқ ба созишҳои байнулмилалист.

Аз ин пеш Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия изҳор карда буд, ки ҳавопаймо барои вазорати дифои Сурия бори низомӣ мебурд. Ин ҳавопаймо бо 30 мусофирро мақомоти низомии Туркия барои фуруд омадан дар шаҳри Анқара водор сохта буданд. Баъд аз мусодираи бори низомӣ ҳавопаймо ба Димишқ парвоз кард.

Сурия дар робита ба ин ҳодиса Туркияро дар "амалҳои душманона" айбор намуд. Мақомоти Русия ҳам аз боздошти ҳавопаймо изҳори норозигӣ карданд.
XS
SM
MD
LG