Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "Эҳтироми бузургсолон аз байн рафтааст"


Як пажӯҳиш рӯшан кард, ки эҳтироми калонсолон дар ҷомеаи тоҷик дигар одоб нест ва баръакс аксари солмандон мавриди беэҳтиромӣ ва хушунат қарор мегиранд.

«Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ» ва Маркази мутолеъоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 50 дарсади солмандони кишвар эҳсоси танҳоӣ мекунанд ва наздиконашон ба онҳо арҷ намегузоранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ин пажӯҳиш 1, 5 ҳазор хонавода ширкат кардаанд.

Пиронсолон гуфтаанд, дар бисёре аз масъалаҳои хонаводагӣ фарзандон бо онҳо машварат накарда, назарашонро низ қабул надоранд. Аз рӯи шикояти афроди бузургсол, онҳо аз ҷомеа канда шуда, пайвандонашон онҳоро ба маъракаҳо низ даъват намекунанд.

Cаодат Камолова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ» - дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба мушкилоти солмандони тоҷик гуфт, «мо ин таҳлилро дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон доир намудем ва талош кардем вазъи зиндагии ин қишри ҷомеаро биомӯзем. Мо хостем бубинем, ки то куҷо онҳо аз хидматрсониҳои тиббиву иҷтимоӣ бархӯрдонанд ва дар
Cаодат Камолова
Cаодат Камолова
онавода бо онҳо чӣ гуна муносибат мешавад. Хушунати равонӣ он нест, ки пиронсолон таҳқир шаванд вале бояд тарзи муносибат бо онҳоро таъғир дод. Яъне қабл аз ҳама бояд ба солмнадии онҳо ва донишу таҷрибаашон эҳтиром гузошт. Медонед дар бисёр хонаводаҳо ғолибан дар рустоҳо солмандон ҳатто утоқи алоҳидаи худро надоранд, ки ин низ мушкилоти ҷиддист.»

Бону Камолова яке аз сабабҳои чунин бархӯрд бо пиронсолонро дар вазъи бади иқтисодиӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ин омил онҳоро беихтиёр дастнигари фарзандон ва дигар пайвандони наздик кардааст.

Дар ҳоле, ки ҳамагӣ беш аз 5 дарсади аҳолии Тоҷикистон солмандон ҳастанд ва аксари онҳо аз кӯмакҳои беҳдоштиву иҷтимоии давлат ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ бархӯрдор нестанд ва нафақаи онҳо аз 150 то 520 сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Саодат Камолова, зиндагии пиронсолони серфарзанд нисбат ба онҳое, ки 2 ва ё 3 фарзанд доранд ба маротиб беҳтар аст, зеро аз миёни фарзандони зиёд як ё ду нафаре пайдо мешавад, волидайни пирро сарпарастӣ кунанд.

Вале Зайнаб Ҳамидоваи 68 сола, ки модари 8 фарзанд аст, то ҳанӯз аробаи зиндагиро худаш мекашонад. Вай мегӯяд, ҳамаи фарзандон ба ҷузъ аз писари хурдӣ дар алоҳидагӣ ба сар мебаранд ва танҳо моҳе як бор ба суроғаш меоянд.

Холаи Зайнаб, мегӯяд як умр меҳнат кардаву, роҳатро надидааст. Ӯ афзуд «ман 160 сомонӣ нафақа мегирам ва дар замини назди ҳавлигӣ картошка, ва дигар сабзавотро парваиш намуда дар бозор савдо мекунам. Фарзандонам бо оилаҳои худашон овора ҳеҷ кас ба ҳеҷ кас кор надорад. Зиндагӣ бо мушкилӣ пеш меравад. Саломатиям чандон хуб нест. Гоҳо аз зиқӣ фишорам баланд мешавад, духтур равӣ пул мегӯянд. Пойҳоям дард мекунанд, хеле мехостам дар ягон
Зайнаб Ҳамидова
Зайнаб Ҳамидова
истироҳтагоҳ дам гирам. Аммо канӣ имконяиту шароит»

Дар ҳамин ҳол Мавлуда Аҳмадова, як зани солманд, аз нақзи ҳуқуқи пиронсолон ва ба таври ғайриқонунӣ аз кор озод намудани онҳо дар идороту муассисаҳои давлатӣ шикоят мекунад. Вай мегӯяд, «имрӯз бисёри коргоҳҳо пиронсолони нафақахӯрро аз кор ронда истодаанд. Ман ба наздикӣ барои машваратпурсӣ ва бо кор таъмин намудани як нафар беморхонаи марказӣ рафтам. Ба ман гуфтанд, ки баъди моҳи январ тамоми шартномаҳое, ки байни духтурони солманд баста шудаанд, бекор гашта барои роҳ кушодан ба кадрҳои ҷавон, ҳамаи онҳоро аз кор озод мекуннад. Барои ман ин мисли зарбаи табар буд. Охир ин қадар одам, ки қариб ҳамаашон маълумоти олӣ доранд, ба куҷо мераванд?Охир мо пирон кони таҷрибаем, ҷавон нестем, ки ба муҳоҷират равем.Пас мо бояд чӣ кор кунем?»

Мавҷудияти ин ҳама мушкилот дар ҳолест, ки то соли 2030 ҷомеаи Тоҷикистон ба мушкили пиршавӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ, коҳиши мизони таваллуд ва боло рафтани бемориҳои ғайрисироятӣ миёни ҷавонон, мунҷар ба мушкили пиршавӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон унвон мешавад.

Зимнан, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо машварати коршиносони байналмилалӣ тасмим гирифтааст, барои нигоҳбуни солмандони ниёзманд марказҳои рӯзона таъсис бидиҳад. Гуфта мешавад ба фарқ аз хонаи пиронсолон, дар ин марказҳо, солмандони ниёзманди аз пайвандони худ дур нашуда аз кӯмакҳои иҷтимоӣ бархӯрдор мешаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 380 ҳазор нафар пирсолон ба сар мебаранд, ки қисмати каме аз онҳо соҳиби имтиёзанд.
XS
SM
MD
LG