Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯси мактабхон дар Турсунзода. Бахту шикаст дар 15-солагӣ


Ба иттилои расмӣ танҳо дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 30 ҳодисаи издивоҷи бармаҳали духтарон сабт шудааст.

Дар яке аз мактабҳои ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон духтаре дар синфи 11-ум таҳсил мекунад, ки сарнавишташ аз дигар ҳамсабақонаш фарқ дорад. Дилором аллакай як бор издивоҷ карда, аз мактаб рафта, вале хонавайрон шудаву дубора ба мактаб бозгаштааст.

Дар синни 15-солагӣ ба Дилором хостгори ба назари волидонаш хубу муваффақе пайдо шуд ва ӯро бо хурсандию рақсу тарона ба шавҳар доданд. Вале ин издивоҷ танҳо як моҳ идома кард. Ҳам издивоҷ ва ҳам талоқ барои Дилором як ваҳшате буд. Аз тарси ин ки духтарак дар ҳолати бади рӯҳӣ ба ягон амали нохубе даст назанад, волидон ӯро дубора ба мактаб оварданд.

Азиза, яке аз ҳамсабақони ин арӯси хонавайроншуда ҳолати имрӯзаи дугонаи худро чунин тасвир мекунад: "Шавҳараш гуфтааст, ман ин духтарро дӯст дошта натавонистам. Волидон фикр карданд духтарашон синну солаш мегузараду бешавҳар мемонад ва ӯро барвақт ба шавҳар доданд. Ҳоло бисёр пушаймонанд. Худи духтарак бошад, аслан дилаш аз дунё хунук шуда ҳамеша маъюс аст."

ШОНЗДАҲСОЛА БУДАМ, КИ...

Сарнавишти Мижгонаи 21-сола ҳам монанди Дилором аст. Танҳо фарқият ин аст, ки Мижгонаро шавҳараш баъд аз 6 соли зиндагӣ бо 2 фарзанд аз хона берун кардааст. Ҳоло мегӯяд Мижгона, бо ду фарзанди худ ӯ бори дӯши бародарон шудаву бо шаҳодатномаи маълумоти нопурааш намедонад, худро ба куҷо занад ва аробаи зиндагиашро чигуна ба пеш кашад.

Аксҳо: 11 октябр - Рӯзи байналмилалии духтарон

"Шонздаҳсола будам, ки модарам моро гузошта, барои пешбурди зиндагӣ ба Русия рафт. Барои каме сабук шудани зиндагӣ тасмим гирифтанд, маро ба шавҳар диҳанд. Бо марде, ки шароити хуби молӣ дошт, оиладор шудам. Фарзанди аввалам духтар буд. Аз ҳамон лаҳза ӯ маро ғам медод, зиндагии хубе надоштам, вале сабр мекардам. Вақте фарзанди дуюмамро таваллуд кардам, шавҳарам бо баҳонаи он ки писар таваллуд намекунам, маро сар дод",-нақл мекунад Мижгона.

ДАР 6 МОҲ 30 ҲОДИСА

Бино ба иттилои расмӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 30 чунин ҳодисаи никоҳи барвақт ба қайд гирифта шудааст. Дар вилояти Суғд 16 ҳолат, дар Хатлон 3 ва дар Душанбе як мавриди издивоҷи бармаҳал ошкор шуда, волидони духтарони ноболиғ аз рӯи моддаи 169 ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аммо ба гуфтаи масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ин танҳо иттилои расмист ва ҳолатҳое ҳам кам нестанд, ки никоҳҳои ғайриқонунӣ пинҳон мемонанд.

Дар Тоҷикистон сар аз соли 2001-ум ҳолатҳои бармаҳал оиладоршавии духтарон бештар шудааст. Соли 2010 синни издивоҷ дар кишвар як соло боло рафт. Акнун духтарон танҳо баъд аз аз 18-солагӣ метавонанд шавҳар кунанд. Маҳбуба Азимова, корманди Кумитаи кор бо занон ва оила, гуфт, "пас аз қабули ин қонун вазъ каме беҳтар шудааст. Яке аз самтҳои аслии фаъолияти мо ҳам ба ин мавзӯъ равона шудааст. Мо бо тамоми мудирони бахшҳои кор бо занон дар ҷумҳурӣ оид ба ин мавзӯъ вохӯриву сӯҳбатҳо мегузаронем. Мисолҳо меорем."

НАЗАРИ КОРШИНОС

Аммо ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони созмонҳои кор бо занон бахусус дар деҳкадаҳо издивоҷи бармаҳал ва иҷбории духтарон дар 14-15-солагӣ ҳамоно чашмрас будааст. Мавлуда Ҳусейнова, узви "Лигаи занҳои ҳуқуқшинос", мегӯяд, ҳоло ҳам вазъ дар ин самт ҳамон тавре, ки буд боқӣ мондааст: "Муроҷиат мекунанд, мебиёянд духтарони поинтар аз синни издивоҷ, масалан 17-солаҳо. Баҳонаҳо пеш меоранд, ки модарам касал, фалон мушкил дорем гуфта, ба тариқи судӣ синну соли издивоҷро кам кардан мехоҳанд ва роҳҳои инро аз мо мепурсанд. Мо мефаҳмонем, ки беҳтараш як соли дигар сабр кунанд."

Биҳоҷал Раҳимова, сиёсатмадор ва собиқ муовини нахуствазири Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҳоло дар созмони ғайридавлатии "Чашмаи ҳаёт" фаъолият дорад, мегӯяд, ба ин падида пурра хотима гузоштан ғайриимкон аст. Аммо мешавад ин ҳодисаҳоро кам кард: "Бояд талош кард, ҳар як духтарбача аз синни хурдӣ ҳуқуқи худро донад ва истифода бурда тавонад. Ҳанӯз аз мактаб ва муассисаҳои томактабӣ ин кор бояд шурӯъ шавад. Духтарон бояд донанд, ки онҳо бояд дониш ва ҳунаре дошта бошанд, то оянда дар зиндагӣ мушкил накашанд ва мавриди табъйизу зӯроварӣ қарор нагиранд."

"ИСЛОМ МОНЕИ ТАҲСИЛ НАМЕШАВАД"

Пешниҳодҳое ҳам ҳаст, ки дар Тоҷикистон, низ бояд мисли бархе аз кишварҳои ғарбӣ, амалан аз роҳҳои муассиртар, махсусан, аз кӯмаки рӯҳониёни маъруф дар роҳи мубориза бо никоҳҳои бармаҳал ва дур мондани духтарон аз таҳсил истифода шавад. Аммо рӯҳониён мегӯянд, онҳо дар вақти мавъиза бештар ба меъёри шариат нигоҳ мекунанд, ки барои издивоҷи духтарон синну солро муқаррар накардааст. Бо ин ҳол, рӯҳониён мегӯянд, издивоҷ агарчӣ бармаҳал бошад, набояд, монеи таҳсил гардад.

"Вақте духтар ба балоғат расид, Ислом иҷозат медиҳад, ки ӯ шавҳар дода шавад, албатта, дар сурате ки агар ӯ фаҳмиш дошта бошад ва омода бошад. Ислом ҳам тарафдории хубии занон аст. Масалан, ҷаноби Расули акрам дар хоб сурати Ойишаро дид ва Худованд гуфт, ҳамсари ояндаи Шумо ин аст. Пайғамбар никоҳ карданд, вале баъд аз он ки ба балоғат расид, баъд зиндагиро бо ӯ шурӯъ кард. Ҳоло мебинем, ки баъзе духтарон дар синни 15 ба балоғат мерасанд. Имрӯз мебинем, духтарони тоҷик бесавод шудаву аз рӯи бесаводӣ дар кӯчаҳо ба корҳои нодуруст даст мезананд, агар дониш медоштанд, нони худро соҳиб мешуданд",-мегӯяд Қобилҷон Боев, собиқ мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Аксари онҳое, ки мушкили никоҳҳои барвақти духтаронро медонанд, мегӯянд, то замоне ки вазъи иқтисодии хонаводаҳо тағйир наёбад; то замоне ки муассисаҳои таълимӣ пулакӣ ва барои волидон дастнорас боқӣ мемонанд, табъизи занону духтарон ҳам дар ҳамин сатҳ хоҳад монд ва иҷро шудани шиори Созмони Милал, яъне решакан кардани никоҳи духтарони ноболиғ дар Тоҷикистон ҳам зери суол қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG