Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздони эҳтимолии занҷираи гаронарзиш боздошт шудаанд


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шаби 9-уми октябр соати 20 : 30 дақиқа, ду нафар пеши роҳи Ҳурматой Шарифова, як сокини шаҳри Душанберо гирифта, бо дастаи табар ба ӯ зарба зада, аз гарданаш занҷири тилоияшро мегиранд.

Ҳурматой Шарифова ба Шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат мекунад ва тавре Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ дод, аллакай ду шаҳрванд, Муҳаммадиев Ҳикматулло ва Абдуҳалим Муҳаммадиев ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд.
Қимати занҷираи тилоӣ 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад
Баъзе аз сокинони пойтахт мегӯянд, чунин ҳодисаҳо боис шудаанд, ки бархе занҳо баъди соати тақрибан 19 : 00 метарсанд ба кӯчаҳо бароянд. Зеро бо фарорасии тирамоҳ рӯзҳо кӯтоҳ шуда, зуд торикӣ фаро мерасад. Ва тавре ҳамсуҳбатони мо мегӯянд дуздону роҳзанҳо аз ин фурсат истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG