Ин бор наворбардори "Озодӣ" аз сокинон пурсид, ки онҳо аз дашном ё алфози қабеҳ истифода мебаранд, ё не.
Ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбони марказии Душанбе гуфтанд, ҳоло бештари наврасон аз дашном ё алфози қабеҳ дар баробари якдигар истифода мекунанд. Ба назари онҳо, ин аз муҳити хонавода ва шеваи тарбияи волидон вобаста аст.
Чанде аз наврасон дар посух ба ин суол гуфтанд, ки вақте касе ба торҳои асабашон мерасад, ҳатман аз дашном истифода мекунанд. Дар баробари ин, онҳое низ буданд, ки мегуфтанд, натанҳо ҳақорат намекунанд, балки ҳақоратро низ нашунидаанд.
Ин суол дар ҳоле матраҳ шуда, ки мо сари ҳар қадам, чи дар маҳалла, чи дар дохили мусофирбар ва ё консертҳову хиёбонҳо дашномҳои гуногунро аз забони хурду калон мешунавем. Ба назари Шумо, чаро имрӯз аксарият якдигарро дашном медиҳанд?